Дар асоси 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” фарзанди Шумо ҳуқуқҳои зеринро дорад:
- дар бораи ҳуқуқу ўҳдадориҳои худ, низоми дар ҳабс нигоҳ доштан, талаботи интизомӣ, тартиби додани таклиф, ариза ва шикоят маълумот гиранд;
- ба амнияти шахсӣ дар ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан;
- ба сардорони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ва ба шахсони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштанро назораткунанда ҳангоми дар ҳудуди он будани ин шахсон доир ба ҳузури худ қабул карданашон муроҷиат намоянд;
- бо ҳимоятгар, хешовандон ва дигар шахсони дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинишуда мулоқот намоянд;
- бо худ ҳуҷҷату навиштаҳо доир ба парвандаи ҷиноятӣ ё ба масъалаҳои амалӣ намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон вобастабударо дошта бошанд, ба истиснои ҳуҷҷату навиштаҳое, ки онҳоро бо мақсадҳои ғайриқонунӣ истифода бурдан мумкин аст ё онҳо дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар маълумоти бо қонун ҳифзшаванда бошанд;
- аз рўи масъалаи қонунӣ ва асоснок будани дар ҳабс нигоҳ доштан ва риоя нагардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон бо таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, аз он ҷумла ба суд муроҷиат намоянд;
- мукотиба намоянд ва аз қоғазу қалам истифода баранд;
- таъминоти моддию маишӣ ва тиббию санитариро, аз ҷумла дар давраи иштирок кардан дар амалҳои тафтишотӣ ва мурофиаи судӣ ройгон гиранд;
- шабона тибқи реҷаи муқарраршуда ҳашт соат хоб раванд, ки дар ин муддат онҳоро ба амалиёти мурофиавӣ ва дигар амалиётҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кардан манъ аст;
- аз гаштугузори ҳаррўза, ки набояд аз як соат кам бошад, истифода баранд;
- аз лавозимоти хоби (бистари) шахсӣ, инчунин аз ашё ва чизу чораи дигар истифода баранд, ки номгўй ва миқдори онҳо бо Қоидаҳои тартиботи дохилӣ муайян карда мешавад;
- аз китобҳо ва рўзномаю маҷаллаҳое, ки дар китобхонаи ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан мавҷуданд ё ба воситаи маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан аз шабакаҳои савдо харидорӣ карда шудаанд, инчунин аз бозиҳои рўимизӣ истифода намоянд;
- дар бинои ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан, бо шарти риоя намудани Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва ҳуқуқҳои дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда маросимҳои диниро
иҷро намоянд, бо худ адабиёти динӣ ва дигар лавозимоти зарурии динӣ дошта бошанд;
- бо худомўзӣ машғул шаванд ва ба ин мақсадҳо аз адабиёти иҷозатдодашуда истифода намоянд;
- фиристаҳо ва дастовезҳо гиранд;
- аз тарафи кормандони ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан муомилаи хуб бинанд;
- дар аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ иштирок намоянд.