Шикоят ва эътирози кассатсионӣ мумкин аст дар мўҳлати як моҳ аз рўзи супоридани ҳалномаи асоснок ба тарафҳо пешниҳод карда шавад.
Шикоят ва эътирози кассатсионӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад:
- номи суде, ки ба он шикоят ва эътироз пешниҳод мегардад;
- насаб, ном ва номи падари шахс ё намояндаи ў, ки шикоят ё эътирозро пешниҳод намудааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он (
Ѕонуни ЇТ аз 03.07.2012 № 871);
- ишора ба ҳалномае, ки нисбат ба он шикоят ё эътироз пешниҳод гардидааст;
- талаботи шахсе, ки шикоят пешниҳод намудааст ё талаботи прокуроре, ки эътироз овардааст, инчунин асосҳое, ки мутобиқи он ҳалномаро нодуруст ҳисоб мекунанд;
- номгўи далелҳое, ки ба шикоят ва эътироз замима гардидаанд.
(моддаи 327-328 Кодекси мурофиаи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон)