2) аз дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҷудо нигоҳ дошта мешаванд:
-дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ;
- дар содир намудани ҷиноятҳои зерин: бандитизм, роҳзанӣ, ғоратгарӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда, одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, ғасби гаравгон, тамаъҷӯӣ, терроризм;
- дар ҳолати ретсидиви хавфнок;
-дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми мавҷуд будани шароити дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани онҳо аз дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда;
- шахсоне, ки дар вазифаҳои судя, прокурор, ҳимоятгар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, адлия, амнияти миллӣ, гумрук, назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мудофиа ва хизматчиёни қӯшунҳои дохилии мақомоти корҳои дохилӣ буданд ё ҳастанд;
- бо қарори маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан ё бо қарори хаттии шахси мансабдор ё мақомоте, ки парвандаи ҷиноятӣ дар пешбурди онҳост, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо аз тарафи дигар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда хавф таҳдид мекунад;
- беморони касалиҳои сирояткунанда ё эҳтиёҷмандон ба нигоҳубин ва назорати махсуси тиббӣ.